Барои мо дар ин дунё некӣ ва амали солеҳ муқаррар дор ва дар охират низ некӣ бинавис! Мо ба сӯи ту бозгаштаем (яъне, тавба кардем). Аллоҳ гуфт: «Азоби худро ба ҳар кас, ки бихоҳам, мерасонам ва раҳмати Ман 1 ҳама чизро дарбар мегирад. Онро барои касоне, ки парҳезгорӣ мекунанд 2 ва закот медиҳанд ва ба оёти Мо имон меоваранд, муқаррар хоҳам дошт,