Барои ӯ дар он лавҳаҳо ҳар гуна панде, ки бандагон ба он ниёз (эҳтиёҷ) доранд
ва тафсили ҳар чизеро аз аҳкоми шаръӣ, ақидаҳо ва ахлоқу одоб навиштем. Пас гуфтем: «Онро ба нерӯмандӣ (ҷиддӣ ва саъю кӯшиш) бигир ва қавматро бифармой, то ба беҳтарини он амал кунанд, пас касе аз онҳо ё ғайри онҳо ба Ман шарик орад, ба зудӣ ба шумо бошишгоҳи фосиқон ва гунаҳкоронро нишон диҳам ва оташест, ки Аллоҳ онро барои душманонаш омода кардааст». 1