Ва ба он мардуме (яъне бани Исроил), ки ба нотавонӣ афтода буданд, шарқу ғарби он сарзаминро (яъне Шом), ки баракат дода будем (бо зироат, меваҳо ва дарёҳо), ба мерос додем ва ваъдаи некӯе, 1 ки Парвардигори ту ба бани Исроил дода буд, ба он сабаб, ки сабр варзида буданд, таҳқиқ ёфт ва ҳар чиро Фиръавну қавмаш месохтанд аз иморатҳо ва он чизеро, ки бино мекарданд, аз қасрҳо вайрон кардем!