(Қавми Мӯсо дар ҳоле ки муддати бисёре дар азоби Фиръавн буданд,) гуфтанд: «Пеш аз он ки ту биёӣ, дар ранҷ будем ва пас аз он ки омадӣ, боз дар ранҷем».
(Мӯсо ононро ба пирӯзӣ умедвор карда гуфт): «Умед аст, ки Парвардигоратон душманатонро ҳалок кунад ва шуморо дар рӯи замин халифа гардонад. Он гоҳ бингарад, ки чӣ мекунед! Оё шукри Ӯро ба ҷо меоред ё не? (Ин ваъдае буд, ки Аллоҳ дар замони муқаррар ба он вафо кард)» 1