(Эй Паёмбар асҳобат) туро аз ғаниматҳои 1 ҷанги "Бадр" мепурсанд, (чи гуна ва бар чи касон онҳоро тақсим менамоӣ?) Бигӯ (барояшон): «Ғаниматҳои ҷангӣ аз они Аллоҳу паёмбар аст. (Пас Расул ба амри Парвардигораш онро тақсим менамояд.) Агар аз мӯъминон ҳастед, аз азоби Аллоҳ битарсед ва бар маъсияти Ӯ пеш наоед ва ба сабаби молҳо байни якдигар кашмакашӣ ва душманӣ макунед ва бо якдигар ба оштӣ зиндагӣ кунед ва аз Аллоҳу паёмбараш фармон баред!»2