Ва ба моли ятим наздик машавед, магар ба некӯтарин ваҷҳе, ки ба фоидаи ӯ бошад, то ба синни булуғ расад. Ва паймонаву вазнро аз рӯи адл комил кунед! Мо ба касе ҷуз ба андозаи тавоноиаш таклиф намекунем. Ва ҳар гоҳ сухан гӯед, одилона гӯед, 1 ҳарчанд ба зиёни хешовандонатон бошад. Ва ба аҳди Аллоҳ вафо кунед! Инҳост он чӣ Аллоҳ шуморо ба он супориш мекунад, бошад, ки панд гиред!