Касоне, ки ширк варзиданд, хоҳанд гуфт: «Агар Аллоҳ таоло мехост, на мо ширк меовардем ва на падаронамон ва [ҳамчунин] чизеро [худсарона] таҳрим намекардем». Касоне, ки пеш аз онон буданд, низ ҳамин гуна [паёмбарони худро] такзиб карданд, то азоби моро чашанд. [Эй Паёмбар, ба ин мушрикон] Бигӯ: «Оё [донишу] далеле наздатон ҳаст, ки барои Мо ошкор кунед? [Дар ҳақиқат] шумо ҷуз пиндор [аз чизе] пайравӣ намекунед ва ҷуз дурӯғ намегӯед»