Аз ҳамсарони худ ҳар киро хоҳӣ, метавонӣ ҳамхобиашро ба таъхир андозӣ ва ҳар киро хоҳӣ, метавонӣ бо худ
нигаҳ дорӣ. Ва агар аз онҳо, ки дурӣ доштаӣ, якеро боз биталабӣ, бар ту гуноҳе нест. Дар ин гузиниш ва ихтиёр бояд, ки шодмон бошанд ва ғамгин машаванд ва аз он чи ба онҳо медиҳӣ, бояд, ки хушнуд гарданд1 ва Аллоҳ медонад, ки дар дилҳои шумо майли муҳаббат аст ба сӯи баъзе аз занонатон. Ва Аллоҳ доно аст бар дилҳои шумо ва бурдбор аст, ки гунаҳкоронро зуд ба иқоб намегирад!2