Эй Паёмбар, барои ту ҳалол кардем он ҳамсаронатро, ки маҳрашонро додаӣ ва инчунин канизонеро, ки Аллоҳ дар ҷангҳо ғанимати ту гардондааст ва духтарони амак ва духтарони аммаҳо ва духтарони тағо ва духтарони холаҳои туро, ки бо ту ҳиҷрат кардаанд, издивоҷи онҳоро бар ту ва низ бар мӯъминон ҳалол кардем ва низ зани мӯъмине, ки агар худашро бидуни маҳр ба паёмбар бахшида бошад, ҳар гоҳ паёмбар бихоҳад, ӯро ба занӣ гирад, ҳалол кардаем. Ин ҳукм1 махсуси туст, на барои дигар мӯъминон. Ба дурустӣ, ки Мо донистаем дар бораи занони мӯъминон ва канизонашон чӣ ҳукме ҳалол кардаем,2 то барои ту мушкиле пеш наёяд. Ва Аллоҳ омурзандаву меҳрубон аст!