Аллоҳ барои ҳеҷ кас ду дил дар дарунаш қарор надодааст. Ва Аллоҳ ҳеҷ гоҳ занонатонро, ки бо зиҳор1 модари худ мехонед, модаронатон қарор надод
ва писархондагонатонро фарзандатон насохт, зеро ин ду амал2 ҳеҷ гоҳ дар таҳрими абадӣ ҳақиқат шуда наметавонад. Инҳо суханонест, ки аз ҳақиқат берун аст, ба забон мегӯед. Ва Аллоҳ ҳақ мегӯяд ва Ӯст, ки барои бандагонаш роҳ менамояд.