Ва чун мӯъминон он
гурӯҳҳоро диданд, ки атрофи Мадинаро иҳота кардаанд, ба ёд оварданд,1 ки нусрати Аллоҳ наздик аст, гуфтанд: Ин ҳамон чизест, ки Аллоҳ ва Паёмбараш ба мо ваъда додааст; аз имтиҳон ва меҳнат ва нусрат, рост гуфтаанд ва ин ба онон ҷуз ба имон ва таслимашон наяфзуд. Яъне имонашон ба Аллоҳ ва амалашон ба фармудаҳои Ӯ зиёд гашт .