Ва ба ёд овар эй Расул, замонеро, ки гурӯҳе аз он мунофиқон гуфтанд: «Эй мардуми Ясриб1, ин ҷо (хаймаҳои беруни Мадина) ҷои бозмонданатон нест, пас ба хонаҳои худ ба Мадина бозгардед». Ва гурӯҳе аз он мунофиқон баҳона карда аз Паёмбар рухсат талабиданд ва мегуфтанд: «Дар ҳақиқат, дар хонаҳои мо ҳифзкунандае нест». Хонаҳояшон беҳифзкунанда набуд, балки дурӯғ мегуфтанд, мехостанд аз майдони ҷанг бигурезанд.