Ва ба ёд биёвар эй паёмбар, бародари қавми Одро,1 ки чун қавми худро дар Аҳқоф2 аз омадани азоби илоҳӣ тарсонд ва ба ростӣ пеш аз ӯ паёмбароне буданд ва рафтанду пас аз ӯ паёмбароне омаданд, бо ин паём, ки ҷуз Аллоҳи якторо напарастед, ки ҳароина, ман аз азоби рӯзи бузурги қиёмат бар шумо метарсам ба сабаби ширк оварданатон.3